Аз таҳти дил бихандед!
Бе бригадир
Ба як иншооти сохтмонӣ тафтишгарон омада, аз коргарон мепурсанд:
— Дар ин сохтмон чанд кас кор мекунанд?
Як коргари сохтмон мегӯяд:
— Якҷоя бо бригадир понздаҳ нафар.
Тафтишгарон мепурсанд:
— Бе бригадир чанд нафар кор мекунед?
Коргар:
— Бе бригадир дар ин ҷо касе кор намекунад.
Котибаи бесавод
Сардор котибаи зеборо таъриф мекунад:
— Офарин, ҳамагӣ 2 ғалат кардаӣ!
Котиба:
— Раҳмат!
Сардор:
— Акнун калимаи дуюмро навис!
Корро ёд кардам
Субҳи рӯзи душанбе роҳбар аз кормандаш мепурсад:
— Чаро чашмонат сурханд. Ба фикрам 2 рӯз арақ нӯшидӣ?
Корманд:
— Не! Ман ҷои корро ёд карда, гиря кардам!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ