Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Таърихи кӯтоҳ

— Вақте ки ман дар мактаб мехондам, аз фанни таърих доим баҳои 5 мегирифтам, аммо ту бошӣ, фақат баҳои 3 мегирӣ,- гуфт марде ба писараш.

Писар дарҳол ҷавоб дод:

— Падарҷон, вақте ки шумо дар мактаб мехондед, таърих хеле кӯтоҳ буд.

Хориш

Марде ба назди табиб рафта, мегӯяд:

— Духтур, тамоми баданам хориш дорад.

Табиб мегӯяд:

— Шумо оббозӣ мекунед?

Мард мегӯяд:

— Оббозӣ мекунам, баъди як моҳ боз хориш пайдо мешавад.

Бибии тарсончак

— Бибиам бисёр тарсончак аст,- гуфт Азиза ба дугонааш.

— Чаро?

— Медонӣ, агар мо аз болои ягон кӯпрук гузаштанӣ шавем, ӯ дасти маро маҳкам мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *