Ҳадафи сафари Роналду ба Душанбе мушаххас шуд

Аз рӯи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 қаҳрамони Тоҷикистон, «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «Е» дохил шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рақибони бошгоҳи Душанбе дастаҳои «Персеполис» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар) ва «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) хоҳанд буд, ки ба ҳайати он капитани тими миллии Португалия Криштиану Роналду шомил аст.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозии якуми худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 дар майдони худ бо тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар анҷом медиҳад. Ин дидор рӯзи 18-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар як минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро мегиранд, ба даври 1/8-ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *