Аз таҳти дил бихандед!
Марди пир
Ҷаҳонгарди олмоние ба қишлоқи Пулодбой омада, аз ў мепурсад:
— Дар қишлоқи шумо чӣ чизи аҷиб ва ё дидание вуҷуд дорад?
Пулодбой мегӯяд:
— Дар қишлоқи мо марди пири 125-солае ҳаст, ки ҳанўз ҳам аз кафи дасти худаш нон мехӯрад.
Ҷаҳонгард мегӯяд:
— Ин чизи аҷиб будааст, ман бояд ҳатман бо ў вохурам. Чӣ хел ўро бинем?
Пулодбой мегӯяд:
— Ўро дида намешавад.
Ҷаҳонгард мегӯяд:
— Чаро?
Пулодбой ҷавоб медиҳад:
— Падараш ўро намегузорад аз хона берун барояд.
Хестану нишастан
Дар толори суд:
— Юнус, чаро вақти хондани ҳукм бояд хезӣ?
— Чунки баъди ин дурудароз шиштан даркор.
Ронанда
Тумани ғафс. Зане пушти чамбараки мошин, ҳеҷ чизро намебинад ва бо габаритҳои мошини дар пеш буда рафтан мегирад. Ногаҳон мошини дар пеш буда меистад. Зан албатта мошини дар пеш бударо мезанад ва аз мошин башаст фаромада, ба сўи ронанда медавад:
— Ҳой мардак, чаро ту мошинро ногаҳон манъ мекунӣ?
— Бубахшед бону, лекин ман ба гаражи худам даромадам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ