“Очаи калон”-и Ёсамин Мусоева нашр шуд

Суруди нави овозхон ва шоири ҷавони тоҷик Ёсамин Мусоева бо номи “Очаи калон” дар ютубканали “Sooroosh media” нашр гардид.

Суруди “Очаи калон”-и Ёсамин Мусоева дорои намоҳанги аҷиб буда, дар он овозхон ва пиразану кӯдаки тақрибан 5-6-сола нақшофарӣ кардаанд.

Мазмунан суруд дар бораи рафтору кирдор ва меҳрубониҳои очаи калон (бибӣ) буда, дар умум соябони сари фарзандону наберагон будани ӯ бисёр ҷаззоб ба қалам дода шудааст.

“Очаи калон” дар худ чунин мисраъҳоро дорад:

Малоики осмонам,

Гесӯсафед, фасонам.

Арӯсаки чақонам,

Калони очаҷонам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *