Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Санаи панҷум

Ба як сохтмони маркази шаҳр комиссияи ҳукуматӣ омада, аз прораб мепурсанд:

— Шумо сохтмонро кай ба охир мерасонед?

Прораб мегӯяд:

— Санаи панҷум.

Нафаре аз сохтмончиён бо садои паст мегӯяд:

— Девона шудаӣ магар, мо то панҷум корро тамом карда наметавонем?!

Прораб бо садои паст:

— Худат девонаӣ, ман моҳу солашро нагуфтам ку!

Гули мурғ

Падар духтарчаашро ба боғи ҳайвонот бурд. Духтарча товусро дида, шодикунон гуфт:

— Дада, дада, нигоҳ кунед, мурғ гул кардааст!

Дандон

Чанд нафар пушти дари духтури дандон навбат меистанд. Аз дарун овози доду фарёд ба гӯш мерасад. Оқибат бемор ба берун мебарояду навбатистодагон аз ӯ мепурсанд:

— Сахт дард кард?

Ӯ аз даҳонаш ду ангушти кандашударо гирифта, мегӯяд:

— Намедонам, аз духтур пурсед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *