Аз таҳти дил бихандед!
Санаи панҷум
Ба як сохтмони маркази шаҳр комиссияи ҳукуматӣ омада, аз прораб мепурсанд:
– Шумо сохтмонро кай ба охир мерасонед?
Прораб мегӯяд:
– Санаи панҷум.
Нафаре аз сохтмончиён бо садои паст мегӯяд:
– Девона шудаӣ магар, мо то панҷум корро тамом карда наметавонем?!
Прораб бо садои паст:
– Худат девонаӣ, ман моҳу солашро нагуфтам ку!
Гули мурғ
Падар духтарчаашро ба боғи ҳайвонот бурд. Духтарча товусро дида, шодикунон гуфт:
– Дада, дада, нигоҳ кунед, мурғ гул кардааст!
Дандон
Чанд нафар пушти дари духтури дандон навбат меистанд. Аз дарун овози доду фарёд ба гӯш мерасад. Оқибат бемор ба берун мебарояду навбатистодагон аз ӯ мепурсанд:
– Сахт дард кард?
Ӯ аз даҳонаш ду ангушти кандашударо гирифта, мегӯяд:
– Намедонам, аз духтур пурсед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ