Аз таҳти дил бихандед!
Собиқаи корӣ
Соли 2025 аз ҷавоне мепурсанд:
— Шумо чикора ҳастед?
Ҷавон:
— Ҳафт сол дар “Фейсбук” ва 4 сол дар “Инстаграм” собиқаи корӣ дорам.
— Касбатон чӣ аст?
Ҷавон:
— Лайкмонаки 6-ум разряд!
Хоҳиш
Пешхизмат давида ба назди мизи меҳмон меояд:
— Хоҳиш мекунам, моҳии навакак овардаамро тезтар хӯред!
— Чаро тезтар?
— Барои он, ки нозири санитарӣ омад.
Сабзӣ
Дар бозор аз савдогар мепурсанд:
— Чаро сабзӣ ин қадар қиммат аст?
Савдогар мегӯяд:
— Сабзӣ аз Миср оварда шудааст, барои ҳамин.
Харидор мегӯяд:
— Магар ин сабзиҳоро фиръавнҳо дар пирамида парвариш мекунанд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ