Аз таҳти дил бихандед!
Собиқаи корӣ
Соли 2025 аз ҷавоне мепурсанд:
– Шумо чикора ҳастед?
Ҷавон:
– Ҳафт сол дар “Фейсбук” ва 4 сол дар “Инстаграм” собиқаи корӣ дорам.
– Касбатон чӣ аст?
Ҷавон:
– Лайкмонаки 6-ум разряд!
Хоҳиш
Пешхизмат давида ба назди мизи меҳмон меояд:
– Хоҳиш мекунам, моҳии навакак овардаамро тезтар хӯред!
– Чаро тезтар?
– Барои он, ки нозири санитарӣ омад.
Сабзӣ
Дар бозор аз савдогар мепурсанд:
– Чаро сабзӣ ин қадар қиммат аст?
Савдогар мегӯяд:
– Сабзӣ аз Миср оварда шудааст, барои ҳамин.
Харидор мегӯяд:
– Магар ин сабзиҳоро фиръавнҳо дар пирамида парвариш мекунанд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ