Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шикояти телефонӣ

Зане ба дугонааш телефонӣ шикоят мекунад:

— Намедонам чӣ кор кунам: ду сол пеш шавҳарам ба Дубай рафт, акнун телефон карда, мегӯяд, ки бо ҳарду фарзандонам ба пешаш равам.

— Чӣ фикр мекунӣ? Рав охир!

— Гап сари он, ки акнун ман 4 фарзанд дорам!

Маслиҳати духтур

Беморхона. Ҳамшираи шафқат ба духтур:

— Духтур, бемори 7-ум палата аҳволаш дақиқа ба дақиқа бад шуда истодааст.

Духтур бо ғазаб ба ҳамшира мегўяд, ки чунон ноумедона гуфтан лозим нест. Бояд чунин гуфт:

— Бемор аз ҳафтум палата фикр мекунад, ки аҳволаш бад шуда истодааст.

Рўзи дигар ҳамшира бо овози оромона ба духтур мегўяд:

— Духтур, бемор аз 7-ум палата фикр мекунад, ки ў мурдааст…

Табассум

Мураббияи ҷавони боғчаи бачагон дар автобус ба марди рӯ ба рӯ нишаста табассум мекунад. Мард аз ин табассум ба ҳайрат омада саволомез абрӯ дарҳам мекашад.

— Оҳ, ба назарам чунин намуд, ки шумо падари яке аз бачаҳои ман ҳастед,- мегӯяд мураббия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *