Аз таҳти дил бихандед!
Шикояти телефонӣ
Зане ба дугонааш телефонӣ шикоят мекунад:
– Намедонам чӣ кор кунам: ду сол пеш шавҳарам ба Дубай рафт, акнун телефон карда, мегӯяд, ки бо ҳарду фарзандонам ба пешаш равам.
– Чӣ фикр мекунӣ? Рав охир!
– Гап сари он, ки акнун ман 4 фарзанд дорам!
Маслиҳати духтур
Беморхона. Ҳамшираи шафқат ба духтур:
– Духтур, бемори 7-ум палата аҳволаш дақиқа ба дақиқа бад шуда истодааст.
Духтур бо ғазаб ба ҳамшира мегўяд, ки чунон ноумедона гуфтан лозим нест. Бояд чунин гуфт:
– Бемор аз ҳафтум палата фикр мекунад, ки аҳволаш бад шуда истодааст.
Рўзи дигар ҳамшира бо овози оромона ба духтур мегўяд:
– Духтур, бемор аз 7-ум палата фикр мекунад, ки ў мурдааст…
Табассум
Мураббияи ҷавони боғчаи бачагон дар автобус ба марди рӯ ба рӯ нишаста табассум мекунад. Мард аз ин табассум ба ҳайрат омада саволомез абрӯ дарҳам мекашад.
– Оҳ, ба назарам чунин намуд, ки шумо падари яке аз бачаҳои ман ҳастед,- мегӯяд мураббия.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ