Аз таҳти дил бихандед!
Одаму китоб
Олиме рӯйи миз китоб паҳн карда, машғули навиштан буд. Писарчааш наздик омаду дид, ки падараш китобҳоро варақ зада, чизе менависад.
— Дада, чӣ менависед?,- гуфта пурсид.
— Китоб,- ҷавоб дод олим.
— Китобро аз рӯйи китоб менависанд?,- боз пурсид бача.
— Ҳа, писарам,- гуфт олим,- аз одам одам мерӯяду аз китоб китоб.
Гуфтанӣ
Рӯзе Насриддин ба минбари масҷид баромада, гуфт:
— Эй, ҷамоат, оё медонед, ки ман ба шумо чӣ гуфтанӣ ҳастам?
— Намедонем,- гуфтанд ҳам.
— Ҳаминро ҳам, ки надонед, ба шумо чӣ гӯям?!,- гуфта, аз минбар фаромад.
Рӯзи дигар Насриддин боз ба минбар баромада, ҳамон саволро такрор кард.
— Медонем,- гуфтандин дафъа мардум.
— Медониста бошед, ба гуфтани ман чӣ ҳоҷат?!,- гуфта, Насриддин аз минбар фаромад.
Ӯ бори сеюм ба минбар баромада, саволи аввалаашро дода буд, ки гуфтанд:
— Нисфамон медонем, нисфи дигарамон не.
Насриддин:
— Ин тавр бошад, нисфи медонистагиатон ба нисфи намедонистагиатон гӯед!
Хушнудӣ
Имоме дар маҷлисе мегуфт:
— Оё моҳи Рамазон аз мо хушнуд рафт ё не?
Зарифе гуфт:
— Бале, хушнуд рафт.
Имом гуфт:
— Дар чӣ асос мегӯӣ?
Гуфт:
— Аз он ҷо, ки агар нохушнуд равад, соли дигар боз наояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ