Канзи шифо: Усулҳои табобати халқии сари кал

Чанд сол боз мӯйи сарам бошиддат мерехт, вале ман бепарвоӣ карда, ба ин чандон аҳамият намедодам. Имсол ҷо-ҷойи мӯйи сарам рехта, кал шуда мондам. Ростӣ, аз сари калам сахт шарм медорам. Азбаски мо дар як деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунем, имконияти ба назди табибони пӯст рафтанро надорам. Аз ҳамин хотир, бо умед муроҷиат карда истодаам, ки шояд ягон роҳи табобати сари калро ба банда тавсия медиҳед.

ЗАФАР, ноҳияи Рӯдакӣ

— Рехтани мӯйи сар ё ба таъбири дигар бигӯем, калшавӣ ба беморӣ ва иллатҳои узвҳои дохилии инсон вобастагӣ дорад. Бо ҳамин роҳ ҷисм бонги изтироб мезанад, то ки соҳибаш аз паси табобат шавад. Албатта табиат худаш кони дармон аст ва дар қатори дигар бемориҳо калшавиро низ бо воситаи гулу гиёҳҳо метавон даво кард, вале барои он ки табобат самари хуб диҳад, сарчашмаи ин иллатро пайдо кардан лозим аст. Дар сурати решаи бемориро наёфта, таваккалан доруву дармон кардан, як муддат беҳбудӣ ҳосил шавад ҳам, баъди чанд вақт боз ба ҳамин мушкил рӯ ба рӯ гаштан мумкин аст. Ба ҳар сурат, чанд давои халқиро тавсия медиҳем, то санҷида бинед. 

Нусхаи аввал

Шахсоне, ки мушкили рехтани мӯй ва калшавӣ доранд, агар тӯли як моҳ ҳар рӯз решаи гиёҳи аирро ҷӯшонида, обашро ба сарашон моланд, ин гиёҳоби муъҷизанок пӯсти сарро шифо бахшида, барои аз нав баромадани мӯйи сар ёрӣ мерасонад.

Нусхаи дуюм

Барои табобати сари кал боз як давои сегиёҳа низ тайёр кардан мумкин аст. Барои ин миқдори баробари гиёҳҳои сапали шутур (мать и мачеха), думи гов ва газнаро гирифта, омехта мекунед ва тахминан 30 грамм аз ин гиёҳҳои омехтаро дар зарфе андохта, аз болояш 1 литр оби ҷӯшидагӣ мерезед. Даҳони зарфро маҳкам карда, монед як-ду соат истад, баъдан онро полонда, як рӯз пас, баъди саршӯйӣ ба саратон мемолед.

Нусхаи сеюм

Боз як давои хеле соддае ҳаст, ки барои сари кал ва резиши мӯй таъсири хеле хуб дорад. Ин даво барги дарахти шафтолу мебошад. Чанд дона барги шафтолуро гирифта, нағзакак шӯед ва майда кӯбед, сипас онро ба ҳамон ҷойҳои саратон, ки мӯяш рехтааст, мисли малҳам ғафсакак молед. Аз болояш селофан гузошта, бо рӯймол маҳкам баста хоб равед. Ин амалро чанд шаб такрор кунед, натиҷаашро мебинед. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *