Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Дар беморхона

Марде ба беморхона ворид гашта, аз пушидани бахил саркашӣ мекунаду бовиқор назди сардухтур рафтанӣ мешавад.

Ҳамшираи тиб ба пойҳояш нигоҳ карда, мепурсад:

— Бахшиш, ако, чаро шумо бахил намепушӯд?

Мард дар ҷавоб мегӯяд:

— Ман шиноси сардухтур ҳастам!

Ҳамшира мегӯяд:

— Ман фаҳмидам, ки шумо шиноси сардухтур ҳастед, вале микробҳо дар ин бора хабар доранд?

Зани раҳмдил

— Ман бисёр зани раҳмдил ҳастам. Масалан субҳ ба талбанда 10 доллар додам.

— Воҳ! Шавҳарат ба ин чӣ гуфт?

— Дастамро бўсида, ташаккур гуфт, чунки ў худаш буд.

Духтар ё хӯриш?

Ҷавоне аз дӯсташ шодиёна мегирад:

— Ҷӯраҷон! Ман ошиқ шудам!

Дӯсташ:

— Оҳо, нағз ку! Кӣ будааст он парии хушбахт?

Ҷавон мегӯяд:

— Чашмаконаш олу, рухсорааш помидор, лабаконаш олуча!

Дӯсташ мегӯяд:

— Э бародар, вай духтар аст ё хӯриш?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *