«Аз ту дур»-и Фараҳманд Каримов нашр шуд

Фараҳманд Каримов пас аз танаффуси андаке суруди нави худро бо намоҳангаш бо номи «Аз ту дур» нашр кард.

Дар намоҳанги нави Фараҳманд Каримов ҳунармандони маъруф, аз қабили Қурбон Собир ва Сироҷиддин Ғафурӣ нақшофарӣ кардаанд.

Сужаи намоҳанг ба суруди «Аз ту дур» чунин аст: Ҷавон духтари сарватмандро аз худкушӣ наҷот медиҳад. Падари духтар писарро муҳофизи фарзандаш мекунад. Дар вақти ҳамкорӣ духтар ба писар дил мебандад ва кӯшиш мекунад, ки дили ӯро ба даст орад. Дар як нишаст духтар ба писар наздик мешавад ва ин лаҳзаро нафари сеюм аксбардорӣ карда, ба падари духтар нишон медиҳад. Падари духтар писарро даъват карда, истинтоқ карданӣ мешавад, ки ҷавон дар асл чӣ гуна будани ҳолатро мегӯяд ва бо ҳамон тамом мешавад.

Чун дар матни суруд калимаи «борон» истифода мегардад, бархе ҳаводорони овозхон тахмин кардаанд, ки ин қисми дуюми суруди «Борон, борон»-и Фараҳманд Каримов аст, ки ҳанӯз ду сол пеш бо ваъдаи «идома дорад» нашр шуда буд. Ҳамчунин, дар он суруд, ки то ҳол қисми навбатиаш нашр нашудааст, Сироҷиддин Ғафурӣ нақши асосиро бозидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *