Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Найи қиммат

— Амакҷон, ба шумо раҳмат барои он найчаи қиммати дар зодрӯзам туҳфа кардаатон!

— Куҷои он қиммат? Ҳамагӣ бо 80 дирам харида будам.

— Аммо падару модарам ҳар шаб ба ман 1 сомонӣ медиханд, ки най навозам.

Дег мурд…

Зане деги ҳамсояашро талабид ва баъд аз ду рӯз ба он дег дегчае ҳамроҳ карда бурда доду гуфт:

— Дегатон таваллуд кард, ин бачааш.

Ҳамсоя хурсанд шуд.

Зан бори дигар аз ҳамсоя дег талабид, аммо ин дафъа бурда надод. Ҳамсоя, ки ин дафъа низ бачадор шуда омадани дегашро интизор буд, омада дегашро талаб кард. Зан гуфт:

— Дегатон мурд.

— Ягон бор нашунидаам, ки дег мурда бошад,- гуфт ҳамсоя.

— Магар шунида будед, ки дег таваллуд мекунад?!,- гуфт зан.

Шаппотии обдор

Марде ба боғе даромада, дид, ки боғ пур аз дарахтҳои мева, хурсанд шуда, ба худ гуфт:

— Мардум, марҳамат кунед: ана гелоси сара, ана себи нозанин, ана ноки мулоим, ана ангури ширин…

Соҳиби боғ пайдо шуду як шаппотӣ ба рӯи ӯ фаровард.

— Ана шаппотии обдор,- гуфт мард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *