толенома

Толеъномаи 8-уми сентябри соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз шуморо сафарҳои бобарор интизор аст. Дар миёни рӯз таваккал накунед, чунки корҳои анҷом додаатон баҳои паст мегиранд. Охири рӯз ҳамаи корҳоятон ба хубӣ анҷом меёбанд. Мушкилиҳои иқтисодӣ азиятатон медиҳад. Саволҳоеро, ки бештар шуморо азият медиҳанд, бо шахсони наздикатон матраҳ намоед.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Шарикони корӣ ва шахсиятон бештар аз буҳрони иқтисодӣ шикоят мекунанд. Ҳолати руҳии шумо низ каме бад шуданаш мумкин аст. Дар муносибат бо атрофиён эҳтиёткор бошед. Ҳангоми сафар саросема нашавед. Нисбати саломатии атрофиён бепарво набошед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Рӯз барои вохӯрӣ бо дӯстон ва муносибат байни одамон қулай аст. Дар саратон хоҳишҳои афсонавӣ пайдо мешаванд, ки ҳоло вақти чунин фикрҳои ҳархела нест. Маҷбур мешавед кореро ба анҷом расонед, ки мувофиқи табъатон нест. Дар аввал фоидаи онро намефаҳмед, вале баъдан дарк хоҳед кард, ки он аз манфиат орӣ нест. Асабатонро беҳуда хароб накунед. Нимаи дувуми рӯз ҳассоснокӣ ва дудилагиатон аз байн меравад.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Тамоми рӯз диққати худро ба фарзандон ва наздикон равона созед. Нисбат ба саломатии наздикон беаҳамиятӣ накунед. Нимаи дувуми рӯз барои амалӣ намудани нақшаҳоятон мувофиқ аст. Дар охири рӯз хастагиро эҳсос мекунед. Аз ин рӯ, бештар истироҳат намуда, қувваи худро барқарор намоед. Эҳтимол серкориатон боиси сар задани нофаҳмӣ байни шумо ва ҳамсаратон мешавад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Вақти он расидааст, ки барои муддате ҳаёти шахсиятонро тағйир диҳед, новобаста аз он ки кӣ чӣ мегӯяд. Аз пайи анҷоми он коре шавед, ки ба шумо писанд аст. Аз сафарҳои хизматӣ ва шароити хатарзо даст кашед. Ҷасорати табиӣ ва хислати аз мушкилот нагурехтанатон боиси он мегардад, ки нимаи дувуми рӯз ба анҷом додани кадом коре камар бандед, муваффақ мегардед.

Асад (23 июл23 август)

асад

Дар муносибат бо шахсони наздик имрӯз мушкилӣ мекашед. Давоми рӯз қувваи зиёдро барои корҳои фаҳмондадиҳӣ сарф менамоед. Агар хоҳед муносибатҳоятон бо ҳамсаратон хуб шавад, ба ақидаи хеш пофишорӣ накунед. Роҳи дурустро интихоб намуда, оилаи худро аз пошшавӣ нигаҳ доред. Рӯз барои муносибатҳои ошиқонаи пинҳонӣ созгор нест.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Имрӯз барои вохӯриҳои муҳими корӣ чандон созгор нест. Бо шарикони эҳтимолӣ забон ёфтанатон душвор мегардад. Ҳама гуна корҳои муҳимро беҳтараш ба рӯзи дигар гузоред. Нимаи дувуми рӯз ба танбалӣ, эркагӣ роҳ надиҳед. Агар хоҳед, ки табъатон тамоми рӯз болида бошад, пеш аз ҳама худатонро дӯст доред ва сипас метавонед бо ҳама бо муҳаббат муносибат кунед, на нафрат варзед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Имрӯз муҳити корӣ ва пулиатон беҳтар мешавад. Воқеае рух медиҳад, ки боиси зиёд гаштани бовариатон ба хеш мешавад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон бошад, каме ноҷуриҳо дида мешавад. Рашки беасоси азизатон боиси дилсардии шумо мегардад. Барои нигаҳдории саломатӣ ба ҳиссиёт дода нашавед ва аз доруҳои оромибахш истифода кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Агар машғулияти асосӣ надошта бошед, шуморо ба кори нав даъват мекунанд. Дар аввали кор ба мушкилиҳо дучор мешавед. Миёни рӯз пешорӯятон корҳои нотамом пайдо мешавад, агар хоҳед, ки зиёд азият накашед, аз иҷрои баъзеи он даст кашед. Нофаҳмиҳои оилавиро бартараф намуда, муҳити ором фароҳам оред. Дар коргоҳ бо ҳамкасбон муомилаи хуб намоед. Ба касе дасти ёрӣ дароз намудед, ӯро таъна назанед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Дар аввали рӯз қувваҳои зиёдро эҳсос мекунед. Корҳои ба зиммаатон гузошташударо ба осонӣ ба анҷом мерасонед. Нимаи дувуми рӯз он чизеро, ки мехоостед, амалӣ карда метавонед. Баъзе мушкилиҳо дар ҷои кор пайдо мешаванд, ки ҳалли онҳо аз фаҳмиш ва одамгарии ҳамкорон вобастагии зиёд дорад. Дар ҳаёти хонаводагӣ баъзе тағйирот ворид мешавад.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Далвҳоро имрӯз хабарҳои муҳиму манфиатбахш интизор аст. Вақти иваз кардани шахсони дар атрофатон буда расидааст. Метавонед ба сафарҳои дарозмуддат ё рухсатии бемузд фиристед. Рӯзатон пурталотум ва сермушкил хоҳад гузашт. Дар муносибатҳои маҳрамонаатон бояд навгониҳое ворид созед. Дар акси ҳол шарикатон метавонад аз якрангӣ дилгир гашта, шуморо тарк кунад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Имрӯз бояд худро ба даст гиред ва аз ҷангу хархаша дур бошед. Фаромӯш насозед, ки ҳама амале, ки дар сари қаҳру ғазаб анҷом дода мешавад, ба пушаймонӣ меоварад. Дар коргоҳ навгонии хуше нимаи дувуми рӯз шуморо интизор аст. Ҳама гуна пешниҳодҳоеро, ки имрӯз мегиред, аввал дар тарозуи ақл хуб баркашед ва танҳо пас аз чен кардани суду зиёнашон онҳоро қабул ё рад намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *