Неймар: То охири умр мехоҳам дар “Сантос” бошам, вале…

Бино ба иттилои Globo Esporte, ҳамлагари “Ал-Ҳилол” Неймар гуфт, ки мехоҳад ба “Сантос” баргардад.

— Медонам, ки ин гуна суханҳо ҳоло ба ман фишор меоранд, вале ман мехоҳам ба “Сантос” баргардам. Ҳангоми рафтан навиштаҷоте гузоштам: «Меравам, аммо бармегардам». Мехоҳам бори дигар дар «Сантос» бозӣ кунам, намедонам кай, аммо итминон дошта бошед, ки ман бармегардам»,- гуфтааст Неймар.

Неймар тобистон аз “ПСЖ” ба маблағи 90 миллион евро ба «Ал-Ҳилол» гузашт. Ӯ ҳоло маҷруҳ аст, аз ин рӯ, то ҳанӯз дар Арабистони Саудӣ аввалин бозии худро нагузаронидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *