Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ҳамдардии дӯст

— Дӯсти азизам, ман ба шумо ҳамдардӣ баён мекунам!

— Чӣ воқеа шуд?

— Дирӯз зани ман пӯстини гаронқимат харид.

— Ин ба ман чӣ дахл дорад?

— Гап сари он, ки пагоҳ зани ман зани шуморо хабаргирӣ меравад.

Барои баҳо

Духтар:

— Муаллим, ман барои шумо ҳар кореро хоҳед, мекунам. Фақат баҳоямро монед.

Муаллим:

— Шумо дар ҳақиқат барои баҳо ба ҳама кор тайёред?

— Ҳа!

— Ба ҳама кор-а?

— Ҳа! Ҳа, охир!

— Ин хел бошад, рафта ба имтиҳон тайёрӣ дида, баъд биёед!

Хуррок

Зан ба шавҳараш гуфт:

— Ҳар шаб хуррок кашида, хобамро мепаронед.

— Ин гапат дурӯғ,- гуфт мард,- он рӯз ҳамин хел гуфтӣ, хоби шабамро ҳаром карда, то рӯз гӯш додам, садое набаромад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *