Обхезӣ дар Ҳонконг: 2 нафар фавтида, беш аз 100 нафар маҷруҳ (видео)

Бар асари обхезӣ дар Ҳонконги Чин ду нафар ба ҳалокат расида, беш аз 100 нафар маҷруҳ шудаанд. 4 нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ин боришоти борон дар Ҳонконг шадидтарин дар тӯли тақрибан 140 соли охир гуфта мешавад. Шаби гузашта 158,1 миллиметр боришот сурат гирифтааст, ки ин назар ба соли 1884 ҳам рекордӣ будааст.

Кӯчаҳо ба дарёҳои пурталотум табдил ёфта, баъзе истгоҳҳои метро ва мошинҳо зери об мондаанд.

Гуфта мешавад, ки вазъият метавонад боз ҳам бадтар шавад. Зеро резиши об аз обанбори Шенҷен метавонад боиси обхезӣ дар минтақаҳои шимолии Ҳонконг гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *