Аз таҳти дил бихандед!
Майи сурх
Зан ба шавҳараш мегӯяд:
— Як пиёла майи сурх умри инсонро 5 сол дароз мекардааст…
Шавҳар мегӯяд:
— Лола, ту аллакай шишаи панҷумро тамом кардӣ!
Зан мегӯяд:
— Ман ҷовидона зистан мехоҳам…
Пул
Бемор ба духтур мегӯяд:
— Духтурҷон, ман зистан мехоҳам. Ба ман кумак кунед!
Духтур мепурсад:
— Шумо пул доред?
Бемор мегӯяд:
— Не, надорам.
Духтур ин дафъа мегӯяд:
— Пул ки надошта бошед, чунин зиндагӣ ба шумо чӣ даркор?
Муноқиша
Зан шавҳарашро аз хона ронда, аз пасаш фарёд мекунад:
— Илоҳо тамоми умр азоб кашида, мурӣ!
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
— Сарвиноз, ман нафаҳмидам, ту маро аз нав ба хона даъват дорӣ?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ