Аз таҳти дил бихандед!
Камарбанди сиёҳ
Марде рафиқашро мебинад, ки сиёҳу кабуд ва дасташ шикаста аст.
— Кароматулло, туро кӣ зад?
— Дишаб ба ман ду бузбала ҳуҷум карданд.
Рафиқаш мегӯяд:
— Охир, ту камарбанди сиёҳи каратэ дорӣ ку!
Кароматулло:
— Шаб торик буд, онҳо надиданд.
Адолат
Ронандаи автобус ва мулло дар як рӯз мефавтанд. Ронанда ба биҳишт мераваду мулло ба дӯзах. Мулло аз чунин ранг гирифтани ҳол музтар гардида, аз Худованд адолат талаб мекунад:
— Худовандо, ман тамоми умр аз фармудаҳои ту берун набудам, ҳамеша амри маъруф мекардам, чаро маро ба дӯзах фиристодиву як майхораро ба биҳишт?
Худованд:
— Барои он ки амри маъруфи туро касе гӯш намекард, вале ҳангоми автобус рондани ин ронанда тамоми мусофирон маро ба ёд меоварданд.
Арақ
Дар як шабнишинӣ:
— Султон, ту чӣ менушӣ? Май ё арақ?
Султон:
— Ба ман май рез!
— Сурхашро ё сафедашро?
— Сафедашро.
— Итолиёвӣ ё гурҷӣ?
Султон:
— Итолиёвӣ.
— Ширинашро ё пурқувваташро?
Султон:
— Э аблаҳ, ба ман арақ рехтан гир!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ