Ифтитоҳи меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» дар Бохтар

Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» ба истифода супорида шуданд.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Бохтар, ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят гуфта шудааст, ки меҳмонхонаи «Ватан» дар масоҳати умумии бино 580 метри мураббаъ сохта шудааст. Бинои меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ анҷом дода шудааст.

Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи якум ва тагхона мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока ва таҷҳизоти маишӣ пешбинӣ шудааст, ки ба мизоҷон хизмат расонида мешавад. Дар қисмати болои бино меҳмонхона бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст.

Меҳмонхонаи «Boshidan» дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ анҷом дода шудааст.

Масоҳати умумии бино 1080 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои меҳмонхона аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум ҷои қабули меҳмонон, ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасони меҳмонхона сохта шудааст. Дар қисмати болои бино, дар ошёнаи 2-юм ва 3-юм меҳмонхонаҳо бо тарҳи замонавӣ сохта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *