Аз таҳти дил бихандед!
Рақобати шадид
Аз марди бекорхӯҷае мепурсанд:
— Ту дар куҷо кор мекунӣ?
Мард дар ҷавоб:
— Дар ҳеҷ куҷо!
Боз мепурсанд:
— Умуман ягон кор мекунӣ?
Мард дар ҷавоб:
— Ягон кор намекунам.
Ба ӯ мегӯянд:
— Шуғли хуб ёфтаӣ ку!
Мард мегӯяд:
— Ҳамин хелу лекин рақобат хеле шадид аст!
Нафақа
Табиб аз нафақагир мепурсад:
— Шумо дар як ҳафта чанд маротиба қазои ҳоҷат мекунед?
Нафақагир мегӯяд:
— Ҳафтае як ё ду маротиба.
Табиб ҳайрон шуда, мепурсад:
— Чаро ин қадар кам?
Нафақагир мегӯяд:
— Бо нафақаи ман аз ин зиёд намешавад.
Чатр
Хушдоман ба домодаш мегӯяд:
— Рӯзи дароз телевизор тамошо мекунӣ, ақаллан рафта замини помидорро об монӣ, намешавад?!
Домод дар ҷавоб:
— Хола, дар берун борон аст ку!
Хушдоман мегӯяд:
— Фарқаш чӣ, ту бо худат чатр гирифта рав!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ