Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Рақобати шадид

Аз марди бекорхӯҷае мепурсанд:

– Ту дар куҷо кор мекунӣ?

Мард дар ҷавоб:

– Дар ҳеҷ куҷо!

Боз мепурсанд:

– Умуман ягон кор мекунӣ?

Мард дар ҷавоб:

– Ягон кор намекунам.

Ба ӯ мегӯянд:

– Шуғли хуб ёфтаӣ ку!

Мард мегӯяд:

– Ҳамин хелу лекин рақобат хеле шадид аст!

Нафақа

Табиб аз нафақагир мепурсад:

– Шумо дар як ҳафта чанд маротиба қазои ҳоҷат мекунед?

Нафақагир мегӯяд:

– Ҳафтае як ё ду маротиба.

Табиб ҳайрон шуда, мепурсад:

– Чаро ин қадар кам?

Нафақагир мегӯяд:

– Бо нафақаи ман аз ин зиёд намешавад.

Чатр

Хушдоман ба домодаш мегӯяд:

– Рӯзи дароз телевизор тамошо мекунӣ, ақаллан рафта замини помидорро об монӣ, намешавад?!

Домод дар ҷавоб:

– Хола, дар берун борон аст ку!

Хушдоман мегӯяд:

– Фарқаш чӣ, ту бо худат чатр гирифта рав!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *