Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Намоз

Як шиноси Мушфиқӣ, ки одами сарватманд буд, бемор шуд. Мушфиқӣ беморбинӣ рафт. Шиносаш ба ӯ панҷоҳ танга доду гуфт:

— Чун ман беморам, наметавонам намоз бихонам. Ҳар рӯз панҷ вақт намозатонро ду карат хонеду як караташро ба ман бубахшед.

Мушфиқӣ бист тангаро гардонда доду узр пурсид:

— Хобам сахт, барои намози бомдод хеста наметавонам, хуфтан нарасида, хобам мебарад, барои се вақт намоз сӣ тангаатон кофист.

Шутур

Марде камтар пул пасандоз карду дар куҷо пинҳон карданашро надониста, ба халтачае андохта, ба дарахт баромада, ба шохи аз ҳама баланд овехт.

Як шахси аз ин воқеа хабардор пулро гирифту ба ҷояш саргини шутур андохта монд.

Баъди чанд рӯз ба мард пул лозим шуд, баромада халтачаро гирифта диду ҳайрон шуда, гуфт:

— Аҷабо, ба ин дарахт одам базӯр мебарояду шутур чӣ хел баромада бошад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *