Об дар Душанбе муваққатан қатъ мегардад

Имшаб, 16 октябр  аз соати 22:00 то соати 24:00-и 17 октябр интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ бо мақсади иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» амалӣ мешавад.

Дар минтақаҳои зерин интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад:

—ноҳияи И.Сомонӣ: 

маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С. Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

—ноҳияи Шоҳмансур:

маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон-1 ва 2, кӯчаҳои Д.Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77;

—ноҳияи Сино:

маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон — 1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

—ноҳияи Фирдавсӣ:

кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе.

Шаҳрдорӣ аз сокинони Душанбе хоҳиш кардааст, ки давоми як шабонарӯз ба миқдори зарурӣ захира намудани обро ба инобат гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *