Аз таҳти дил бихандед!
Моҷаро
Дар байни кӯча ду нафар бо ҳам муноқиша мекунанд. Марди якум мегӯяд:
— Гӯсфанд!
Марди дуюм дар ҷавоб:
— Худат гӯсфанд!
Роҳгузаре ҷанҷоли онҳоро шунида, мегӯяд:
— Модоме ҳардуятон хешу табор бошед, барои чӣ моҷаро мекунед?
Савол
Харидор мехоҳад ба асаби қассоб расад:
— Ин гӯшт дар зинда буданаш “мияв” мегуфт ё “вов—вов”?
Қассоб:
— Ин гӯшт дар вақти зинда буданаш ҳар хел савол медод!
Дубай
Мард ба дӯсташ мегӯяд:
— Беҳтарин лаҳзаҳои умрам марбут ба сафари Дубай аст.
Дӯсташ дар ҷавоб:
— Баҳ-баҳ, Дубай рафтӣ?
Мард мегӯяд:
— Не, порина занам рафта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ