Даргузашти муаррихи шинохтаи тоҷик Усмонҷон Ғаффоров

Муаррихи шинохтаи тоҷик, профессор Усмонҷон Ғаффоров аз олам даргузашт.

Усмонҷон Ғаффоров яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар аст дар чеҳранигории таърихӣ сабки вижа дошт. Дар мавриди рӯзгору осори бузургони миллати тоҷик даҳҳо китоб навишта, дар синни 78- солагӣ имрӯз аз олам даргузашт.

Китобҳои профессор Усмонҷон Ғаффоров дар бораи Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, Муҳаммад Осимӣ, Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ, Султон Умаров, Зариф Раҷабов, Меҳрубон Назаров таълифоти арзишманду нодир ба ҳисоб мераванд.

Тибқи иттилои ба мо расида маросими ҷаноза, имрӯз (27.10.2023) дар деҳаи Хистеварз баргузор шуда, марҳум дар мазори Олимшайх ба хок супорида мешавад.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз даргузашти олими шинохтаи тоҷик Усмонҷон Ғаффоров андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил хоҳонанд. Ёду номи Усмонҷон Ғаффоров гиромӣ бошад!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *