МОҶАРОИ ФАЛАСТИН: САҲНАСОЗӢ Ё АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ…

ЯК СИЁСАТМАДОР ВА ДУ МАВҚЕЪ…

Қабл аз он, ки андешаҳои худро доир ба фоҷиаи Исроил ва Фаластин бигӯем, аз суханронии як шахси калидӣ ва таъсиргузор дар Ховари наздик ду мисол меорем. Бубинед, ки ин гуфтаҳо то чӣ андоза аз ҳамдигар фосила доранд ва гиреҳи масъалаи мавриди баҳсро ба содагӣ боз мекунанд. Ин шахс Бенёмин Нетаняҳу, сарвари ҳизби Ликуд (с. 1993-1999 ва с. 2005), вазири дифоъ (с. 2018-2019) Сарвазири Изроил (солҳои 1996-1999, 2009-2021, 2022 то имрӯз) аст, ки моҳи марти соли 2012 ҳангоми баромад дар Кнессет (мақоми қонунгузор, парлумони Изроил) гуфт: “Ҳар нафаре, ки намехоҳад Фаластин ба ҳайси як кишвари озод эътироф шавад ва мо бояд амнияти Исроилро ба ин васила таъмин кунем, бояд аз лиҳози молӣ Ҳамос (Ҳаракат ал-Муқовама ал Исломия, як шохаи ҷангии Ахвон ал Муслимин)-ро дастгирӣ кунад”.

Вале чанд рӯз қабл баъд аз ҳамлаи Ҳамос ба Исроил хитоб ба Ҳамос ҳарфҳое зад, ки комилан хилофи ин гуфтаҳо буданд: “Мо агар амнияту оромии Исроил ва дифоъ аз иззату шарафи мардуми яҳудиро мехоҳем, бояд Ҳамосро то охирин размандааш маҳв кунем ва агар дар ин росто зарурат пеш омад, Ғаззаро, ки қароргоҳи ин созмони террористист, ба хок яксон кунем!”…

Бояд мунсифона бигӯем, ки ҳамлаи ахири Ҳамос ба хоки Исроил бидуни шубҳа амали террористӣ буд, ки садҳо тан мардуми мулкии яҳудӣ ва сайёҳони хориҷиро ба коми марг кашид, ҳазорон нафари дигар ҷароҳат бардоштанд ва теъдоде ба шумули кӯдакон то ҳанӯз дар асорати террористон қарор доранд.

Вале суол сари ин аст, ки ин саҳнасозӣ кори кӣ буд ва оё Ҳамос аз ин имконот бархӯрдор буд, ки ба танҳоӣ тавонад як кишвари аз лиҳози ҳарбӣ абарқудрати минтақаро шикаст диҳад ва шарманда кунад? Чаро “Гунбади оҳан”-и Исроил, ки ҳатто ба пашша иҷозат намедод, ки бидуни иҷоза фазояшро убур кунад, пешорӯи мушакҳои сода ва дастисохти “Қасам” нотавон шуд? Чаро чанд тан ҷангии Ҳамос бо дучархаву парапланҳо тавонистанд, ки артиши Исроилро, ки иборат аз зиреҳпӯшҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангии замонавӣ аст, шикаст диҳанд? Ва ниҳоят созмон додани Ҳамос ба манфиати кӣ буд ва дар дунболи он кадом ҳадафҳо пайгирӣ мешуданд? Боварҳои динӣ ба ин моҷаро чӣ алоқамандӣ доранд? 

Мо мехоҳем дар маҳдудаи мақола ба ин суолҳои баҳсбарангез посух диҳем, то моҷарои Фаластинро, ки қурбонии сиёсатҳои бузург аст, то андозае тавзеҳ бидиҳем. 

ЧӢ ГУНА АЗ БОВАРҲОИ ДИНӢ ИСТИФОДА МЕКУНАНД…

ИМА ва кишварҳои Аврупо ҳизбу созмонҳоеро, ки воқеан демократӣ ҳастанд ва мехоҳанд бо роҳи осоишта ва бо истифодаи “нерӯи нарм” дар кишваре “инқилоб” кунанд, ҳаргиз мавриди маблағгузорӣ ва пуштибонӣ қарор намедиҳанд. Ҳадафи онҳо ҳамеша дастгирӣ ва сарпарастии аҳзобу ҳаракатҳои диниву мазҳабӣ ва ё фашистиву нажодпарастӣ аст. Мисли ин, ки тӯли даҳсолаҳо Ихвон ал- Муслимин, Ваҳобия, Салафия, Ал-Қоида, ДОИШ, Толибон ва даҳҳои дигар дар ин замина аз ҷониби абарқудратон таъсис дода шуданд.

Чаро олами ғарб ба хотири пиёда кардани аҳдофи геополитикӣ ва геоиқтисодии худ, бештар аз дину мазҳаб кор мегирад? Чаро, ки эътиқод ба дину мазҳаб ва догмаҳои он дар байни омма ҳеҷ гоҳ мавриди баҳс ва шубҳа қарор намегиранд. Касе, ки догмаи динӣ ва ё мазҳабиро мавриди шубҳа қарор дод, зуд ба унвони ёғӣ ва такфирӣ бо бадтарин шева муҷозот мегардад. Мисли ин, ки имрӯз агар нафаре аз бедодиҳои Исроил садо баланд кард, дар ҷомеаи Аврупо фавран ба унвони антисемит муттаҳам мешавад. Боварҳои мардумӣ ба дурустии ақоиди динӣ ва баҳснопазир будани онҳо, тӯли асрҳо қолабрезӣ шудаанд. Аз ин рӯ ҳар амали ғайриинсоние, ки аз номи дин ва мазҳаб тарҳрезӣ ва ё роҳандозӣ мешавад, бояд мавриди шубҳа ва ё баҳс қарор нагирад.

Ҳамин гуна андешаҳои ортодоксӣ на танҳо дар дини ислом, балки дар меҳвари таълимоти адёни дигар низ қарор доранд.

Биёед равзанаеро ба ҳақиқати таълимоти дини бани Исроил, ки такя ба ҳиллаву фиреб дорад ва мутаассифона аз ҷониби ин қавм ба унвони амали солеҳ ва дуруст пазируфта шудааст, боз мекунем.

Дар китоби муқаддаси Бани Исроил, Таврот қиссаи паёмбар Исҳоқ ва фарзандонаш Яъқубу Исав ба наҳви хеле ҷолиб ривоят шудааст. Яъқуб ҳанӯз дар батни модар бо бародари дугоникаш Исав моҷаро дошт, ки бояд ба ҳайси нахустфарзанд ба дунё ояд. Нақл мешавад, ки вақте Исав таваллуд шуд, Яъқуб аз банди пойи ӯ медошт ва мехост, ки бозпас ба батни модар кашад. Ривояти дигар ин аст, ки Яъқуб аз бародараш Исави гурусна ва дар ҳоли марг, бар ивази пораи нон ҳақи нахустфарзандиро бо роҳи фиреб ба даст меорад ва ниҳоят бо роҳнамоии модараш назди падари нобинояш, паёмбар Исҳоқ бо либоси Исав ҳозир мешавад ва аз падар дуо мегирад, ки рисолати паёмбариро идома диҳад. Ҳатто ба хотири фиреби падар ба даст пӯсти гӯсфандро мекашад, ки ҳангоми ламс кардан байни ӯ ва Исави сермӯй фарқ нагузорад.

Яҳудиёни ортодокс ин ривоятро, ки дар Таврот зикр шудааст, то ҳол арҷ мегузоранд ва эътиқоди диниашон низ бар ин асос меёбад, ки фиреб дар роҳи расидан ба ҳадафҳо гуноҳ нест.

Мисли ин, ки дар Исроил то ҳол ҷашни Пурим таҷлил мешавад. Ин ҷашн ба қатли оми беш аз 75 000 форсҳо иртибот дорад, ки низ дар китобҳои муқаддаси яҳудиён зикраш рафтааст. Истар, бо раҳнамоии амуяш Мордахай яҳудӣ будани худро пинҳон медорад ва ба издивоҷи шоҳ Ардашер медарояд. Вазири Ардашер Ҳомун аз фитнаҳои яҳудиён бохабар мешавад ва мехоҳад онҳоро муҷозот диҳад, вале бо афсунҳои Истар, ки Ардашерро гумроҳ карда буд, дар як шаб бо даҳ фарзандаш ва ҳазорҳо нафар мардуми мулкии форс кушта мешавад. Пеш аз эъдоми Ҳомун гӯшҳои ӯро мебуранд ва то имрӯз яҳудиёни ортодокс дар ҷашни Пурим самбӯсаи секунҷа омода мекунанд, ки ба унвони “хоменташ”- “гӯшҳои Ҳомун” маъруф аст.

Тақрибан дар аксари китобҳои муқаддаси динҳои башарӣ мисли ин қиссаҳое ворид шудаанд, ки мувассақ нестанд ва боварҳои динии инсонро замина мегузоранд. Пайравони худро ба наслкушӣ ва қатли ом таҳрик медиҳанд, ки амали ваҳшиёна ва ғайриинсонист.

ЧАРО МОҶАРОИ ФАЛАСТИН ТО ҲАНӮЗ ГАРМ АСТ?

(Фаластин моли кист, яҳуд ё араб?)

Дар аз се ду ҳиссаи минтақаи Ғазза арабҳое, зиндагӣ мекунанд, ки аз заминҳои ғасб кардаи Изроил паноҳ бурдаанд. Имрӯз зулм нисбати ин мардум ба ҳадде расидааст, ки Бани Исроил мехоҳад ҳақи зистанро барои онҳо ҳатто дар ин минтақа масдуд кунад.

Дар таврот омадааст, ки ҳанӯз дар давраи Канъонӣ (Ханаан), то асри 4 қабл аз мелод, дар манотиқи навори Ғазза то Ашдод, Ғот ва Акрон фаластиниҳо зиндагӣ мекарданд. Баъд аз фатҳ шудани ин сарзамин аз ҷониби яҳудиҳо мардуми бумӣ ронда шуданд. Тӯли дарозои таърих Фаластин борҳо аз ҷониби асуриҳо, форсҳо, румиҳо, бизонсҳо (византия), салибиён (юриши салибии масеҳиён), мамлукҳо, Империяи Усмонӣ ва Британияи Кабир тасхир ва ғорат шудааст. Арабҳо вақте ки соли 634 Фаластинро фатҳ карданд, дар он ғолибан румиҳои шарқӣ ҳукумат доштанд, на яҳудиҳо.

Дар Ҷанги якуми ҷаҳон бо ибтикори Бритониё дар ҳайати артишаш “Легиони яҳудиён” таъсис дода шуд, ки барои фатҳ кардани Фаластин ёрӣ расонд. Соли 1917 вазири хориҷии Бритониё Артур Болфур санадеро имзо кард, ки баъдтар ба унвони “Эъломияи Болфур” шинохта шуд. Ин баёния эълом кард, ки Бритониё “ба таъсиси як хонаи миллӣ барои яҳудиён дар хоки Фаластин нигоҳи мусбат дорад”. Соли 1947 бо қарори СММ тасмим гирифта шуд, ки Фаластини зертобеи Бритониё ба ду қисмат: арабнишин ва яҳудинишин ҷудо карда шавад ва идораи Ерусалим бо мақоми вижа аз ҷониби СММ сурат гирад.  Вале, худи ҳамон сол дар натиҷаи ҳамлаи яҳудиён садҳо деҳоти атрофи Ғазза хароб, мардумаш торумор ва беш аз 700 ҳазор арабҳо фирорӣ шуданд.

Давлати Изроил дар заминаи санадҳои зиёде, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар “Осло” ба тасвиб расиданд, бояд истиқлоли Фаластинро таъмин мекард ва дар минтақа ба шарофати гузаштҳои дуҷониба сулҳ ҳукмфармо мешуд, вале мутаассифона ин моҷаро ба манзури ҳадафҳои геополитикии абарқудратон ва заъфу бечорагии СММ, ки мисли ҳамеша побанди баҳси ҳуқуқи занону ҳимояи ҳамҷинсгароён аст, то ҳанӯз идома дорад ва ҳамасола ҳазорҳо нафар мардуми бегуноҳ талаф мешаванд.

Дар мавриди ин, ки чаро рӯзҳои охир вазъи минтақа шадидан ноором шуд, чанд фарзия вуҷуд дорад:

НАХУСТ, интизорӣ меравад, ки Исроил бо баҳонаи ин ҳамла хоки Ғаззаро комилан аз арабҳо тоза мекунад ва мавқеи худро дар минтақа бештар таҳким мебахшад.

ДУВУМ, рейтинги Сарвазири Исроил ва ҳизби Ликуд ба иллати низоъҳои дохилӣ ва алоқаманд бо фасод поин рафтааст ва танҳо як низои бузург бо душмани беруна ва хатарнок ин вазъро метавонад ислоҳ кунад. Бояд ин нуктаро ҳамеша дар хотир дошт, ки солҳои охир тақрибан аксарияти низоъҳо бо сиёсати дохили кишварҳои абарқудрат алоқамандӣ доранд. 

САВУМ, президенти ИМА низ дар ин ҳолат қарор дорад. Нақшаҳои Байден, Ҳизби демократии ИМА дар Украина ва Тайван нобарор буданд ва ӯро зарур аст, ки пеш аз интихобот лоақал дар як ҷабҳа ғолиб барояд, аз ин лиҳоз Исроил ва кишварҳои дигари минтақа, ки мисли Русия ва Чин аз лиҳози ҳарбӣ ва иқтисодӣ тавонманд нестанд, ба чолиш кашида шуданд.

ЧАҲОРУМ ва ин фарзия бештар ба ҳақиқат наздик аст. Кишварҳои араб дигар барои ғарб бӯшкаи нафт ва ё наққола (конвейер) барои тавлиди террористон будан намехоҳанд. Роҳбарони ин кишварҳо дарк кардаанд, ки дар ҳоли саркашӣ ва аз итоат берун шудан, сарнавишташон аз Саддом Ҳусейну Муаммар Қаззофӣ ҳеҷ тафовут нахоҳад дошт. Ба ин хотир, солҳои охир аз ҳамоҳангии сиёсати худ бо олами ғарб даст кашида, майл ба ҷониби BRICS доранд, ки ба яккаҳукмронии ғарб дар минтақа хатар дорад.

Бубинед, ба думболи моҷарои Исроил ва Фаластин, Мисрро муттаҳам карда истодаанд, ки ба беш аз ду миллион гурезаҳои фаластинӣ иҷоза надод, ки ба биёбони Синай кӯч банданд. Яъне Исроиле, ки ба наслкушии фаластиниҳо даст задааст, айб надорад, вале Миср, ки раҳ додани ин миқдор гуреза барои кишвараш имконнопазир аст ва дар пайи он фурӯ хоҳад пошид, гунаҳкор…

Миср ҳоло бо дастгирии кишварҳое мисли Чин, Арабистони Саудӣ ва Русия даҳҳо шаҳрҳои сайёҳӣ ва бандарҳои бузург бино карда истодааст, ки ҳеҷ ба таъби дили элитаи ғарб нест… 

ҲАМОС ДАСТПАРВАРИ КИСТ?

Тавре, ки дар боло зикраш рафт, бахши азими созмонҳои террористии исломӣ аз ҷониби кишварҳое заминагузорӣ шудаанд, ки дар ҳоли зарурат мавриди истифода қарор гиранд. Бо далелҳо собит шудаанд, ки ҷараёни Ваҳҳобия, Ал-Қоида, ДОИШ, Толибон ва мисли ин аз ҷониби кишварҳои ғарб созмон дода шудаанд ва ин созмонҳои террористӣ ҳамеша дар ҳоли зарурат мавриди истифода қарор мегиранд. Имрӯз расонаҳои ғарбӣ Эронро сарпарасти Ҳамос эълон мекунанд. Вале ҳар нафари каме огоҳ аз сиёсат ба хубӣ дарк мекунад, ки аслан ин гурӯҳ ба хотири заиф кардани гурӯҳҳои “Фатҳ” ва “Ҷиҳоди Исломӣ” таъсис ёфтааст.

Эрон гумон аст, ки ба Ҳамос робитаи густурдае дошта бошад, чун ҷунбиши мазкур суннимазаҳаб асту сиёсати ҶИЭ ба дастгирии ҳаракатҳои шиамазҳаб афзалият медиҳад. Ба андешаи баъзе коршиносони ҳирфаӣ, Ҳамос аз ҷониби Қатар, ки дорои бузургтарин пойгоҳи неруҳои ҳавоии ИМА дар Ховари Миёна аст, сарпарастӣ мешавад. Пинҳон нест, ки ИМА ва Исроил бо Қатар муносибати хуб доранд ва бештари масоили сиёсии минтақа аз ҷониби онҳо дар Доҳа тарҳрезӣ мешавад.

Эҳтимол дорад, ки Ҳамос солҳои тӯлонӣ барои ҳамлаи чанд рӯзи пеш ба Исроил парвариш меёфт ва бо “дастур” ва иҷозаи созмондиҳандагонаш ин амали террористиро анҷом дод. Гумон аст, ки Исроил бо ин ҳама иқтидори ҳарбие, ки дорад ва қодир аст ба дилхоҳ кишварҳои мусалмони Ховари Миёна мушкил эҷод кунад, пеши чанд гурӯҳи разманда нотавон бошад. Танҳо бо истифодаи мушакҳо дар чанд рӯзи ахир ба хок яксон кардани Ғазза ва бамаротиб бештар аз қурбониёни яҳудитабор талафот расонидан ба арабҳои Фаластин худ далели раднопазиранд.

Аҷиб ин аст, ки мушакборон кардани Исроил бемористону масҷиду калисоро, ки теъдоде аз онҳо ёдгориҳои қадимии таърихианд, аз амалҳои ДИИШ, ки осорхонаҳои аҳди бостони Ҳалабу Бобулистонро ба яғмо бурданд ва аз амали Толибон, ки бутҳои бузурги Бомиёнро ба хок яксон карданд, ҳеҷ тафовут надорад…

ҲУКУМАТҲО ХОМӮШАНД, ВАЛЕ МАРДУМ БА МАЙДОНҲО ФУРӮ РЕХТААНД

Ҳукуматҳои кишварҳои дорои араб, ки Исроилро иҳота кардаанд, хомӯшанд ва ё ба ном алайҳи бедодиҳо дар Фаластин садо баланд мекунанд. Ин кишварҳо, ки солҳо барои ҷиҳод дар хоки Ироқ, Сурия, Миср, Лубнон, Либия, Афғонистон…, ки мусалмоннишинанд, фатво медоданд, пешорӯи наслкушии Исроил хомӯшӣ ихтиёр кардаанд. Мардуми ин кишварҳо бо ҳамовозии мардуми тамоми дунё аз мазлумони Фаластин дифоъ мекунанд, вале шайхҳои араб, ки зимоми ҳукуматро дар даст доранд, гаравгони бонкҳои мамолики ғарбанд.

Ҳеч имкон надорад, ки агар ин шайхҳои долларпараст нафси аммораи худро лаҷом зада, ба хотири иззату шараф муттаҳид шаванд, кишваре мисли Исроил, ки нуфузаш садяки арабҳо нест, ҷуръат дошта бошад, ки ба номуси миллиашон таҷовуз кунад. Шумо оё шунидед, ки як нафар размандаи Толиб, ДОИШ, Ал-Қоида, Ҷабҳат ан-Нусра ва мисли ин агар мусалмони ҳақиқӣ бошад, ба хотири дифои уммати ислом ба хоки Фаластин рафтааст ва алайҳи Исроил қиём кардааст? Шумо дидед ва ё шунидед, ки як нафар аз наҳзатиёни аврупоӣ, аз “чарогоҳи” роҳат ва амни худ ва кумаки ҳазинаи аврупоиҳо даст кашида, ба хотири дифоъ аз дину мазҳаб ба навори Ғазза рафтааст? Роҳбари ҳизби наҳзат дар яке аз барномаҳои ютубӣ роҳат бо як дӯсти яҳудитабори тоҷикзабонаш бо номи Фирдавс суҳбат дорад. Ин суҳбат бештар масхараро мемонад. Яҳудӣ ҷонибдории худро аз сиёсати наҳзат, ки ҳадафаш бар Тоҷикистон бунёди як кишвари исломист, изҳор мекунад. Роҳбари наҳзат бошад, бо муҳаббат ба таърифи Бани Исроил мепардозад ва теъдоде аз дӯстони яҳудии худро ёдовар мешавад, ки муносибатҳои бародарона доранд. Аз баҳс бармеояд, ки ин тоифа ҳеҷ муқаддасотеро қоил нестанд. Барои инҳо фарқ надорад, ки ҷиҳати расидан ба аҳдофашон, кӣ кумаки молӣ мекунад: яҳудӣ, араб ва ё эронӣ…

Пас ин доду фарёд ба хотири дифоъ аз диёнат ба хотири чист? Оё ба хотири ба даст гирифтани қудрат ва бо амри нафс фароҳам овардани зиндагии роҳат нест?

ХУЛОСА

Чаро кишварҳои аврупоие мисли Олмон, ки ба “холокост”-наслкушии яҳудиён даст доранд, дар қаламрави худ давлатеро ба унвони Исроил бунёд накарданд, то амалҳои ваҳшиёнаи худро пеши ин қавм ҷуброн кунанд? Чаро бояд ҳақи бунёди чунин давлат бо сукунати яҳудиёне, ки ҳафт пушташон дар кишварҳои дигар таваллуд ва бузург шудаанд, бо наслкушиву кӯчбандии иҷбории мардуми бумии Фаластин, ки ҳазорон сол ин ҷониб дар навори Ғазза зиндагӣ доранд, анҷом ёбад?

Паёмади ин моҷаро талафоти ҷонии мардуми бегуноҳи араб, масеҳӣ ва яҳудӣ хоҳад буд: то даме, ки СММ бозичаи дасти абарқудратон аст ва дар ҳалли ин қазия тасмими ҷиддӣ нагирад, то даме, ки кишварҳои ғарб аз стандартҳои дугона дар сиёсаташон даст намекашанд, то даме, ки кишварҳои араб бо созмону лигаҳояшон иззатро бар нафс тарҷеҳ намедиҳанд…

Ба андешаи мо ягона роҳи сулҳ дар минтақа бозгашт ва барқарор кардани сарҳади соли 1967 аст, ки СММ ва аксари кишварҳои ҷаҳон зери он имзо гузоштаанд, вагарна оташи ин ҷанг тамоми кишварҳои минтақаро фаро хоҳад гирифт ва паёмадҳои шум хоҳад дошт…

Саломиддин МИРЗОРАҲМАТОВ,

Бахтиёр ҲАМДАМОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *