“Оила” ва “Тоҷикистон” боз дар мақоми аввал ва серхонандатарин дар Тоҷикистон

Ҳафтаномаи “Оила” дар раддабандии серхонандатарин нашрияҳои Тоҷикистон боз зинаи аввалро ишғол кард. Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”бошад,  миёни нашрияҳои мустақил мақоми дуюмро гирифт. Ҳарду расона марбут ба Медиа-холдинги “Оила” аст.

Ин радабандӣ имрӯз, 2 –юми май  ҳангоми муаррифии тадқиқоти нави «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо» эълон шуд.

Ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян кардани афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар мебошад. Яъне, тибқи он муайян карда мешавад, ки шаҳрвандон ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватанӣ бартарӣ медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки тадқиқот на танҳо ВАО-и анъанавӣ, яъне телевизион, радио ва матбуот, балки ҳамзамон сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро низ фаро гирифтааст.

“Тадқиқоти мазкур бори чорум аст, ки гузаронида шуд. Тадқиқотҳои пешина солҳои 2018, 2019 ва 2022 баргузор шуда буданд. Дар ҳар боби тадқиқот маълумот дар бораи вазъи ин ё он ВАО-и махсус, арзёбии муқоисавии натиҷаҳои бадастомада ва таҳлили мухтасар оварда шудааст. Пас аз омӯхтани тадқиқоти мо, худи роҳбарони расонаҳо метавонанд таҳлили амиқтар карда, хулосаҳо бароранд. Мо бо муқоисаи солҳои гузашта ва ҷорӣ, танҳо имкон медиҳем, ки сатҳи афзалиятҳои расонаҳои ватанӣ муайн шавад”, — гуфт Набӣ Юсупов, роҳбари гуруҳи тадқиқотчиён, директори Ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ».

Ҳамин тавр, дар раддабандии нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ҳафтаномаи “Оила” дар зинаи аввал, нашрияи “Тоҷикистон” дар зинаи дуюм ҷой гирифтаанд. Нашриҳои “Фараж”, “Муҳаббат ва оила”, “СССР” ва “Азия плюс” бошанд, дар зинаҳои баъдӣ қарор доранд.

Дар маҷмӯъ, дар байни тамоми нашрияҳои кишвар низ ҳафтаномаи “Оила пештоз буда, дар зинаи аввал қарор дорад. “Ҷумҳурият” дар зинаи дуюм ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар мақоми сеюм ҷойгиранд. Се зинаи баъдиро “Омӯзгор”, “Садои мардум” ва Минбари халқ” ишғол карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *