Пардохтҳои ғайринақдӣ. Аз маслиҳати мутахассис то манфиати аҳолӣ (ВИДЕО)

Дар подкасти навбатии “Маърифати молиявӣ” Шомил Иззатзода, намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон аҳамият ва манфиати истифодаи пардохтҳои ғайринақдиро ба мардум шарҳ дод. Ӯ инчунин роҳҳои чӣ гуна истифода бурдани корту ҳамёнҳои мобилӣ ва ба доми қаллобон наафтодан, истифодаи мақсадноки пул ва сохтани буҷети оила, чӣ гуна танзим намудани хароҷоти оиларо маслиҳат дод. 

Ёдовар мешавем, ки подкасти “Маърифати молиявӣ” аз ҷониби ҶСК “Ориёнбонк” омода мегардад ва дар ютбуканали Oila.tj барои тамошо дастрас аст.

— Шомил Иззатзода, инак, беш аз ҳашт моҳ аст, ки Тоҷикистон ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ гузаштааст. Ҳамчун мутахассиси бонк бурду бохти ин низомро дар чӣ мебинед ва то куҷо мардум ба он одат кардаанд? 

— Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023 ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ гузашт. Ҳадаф аз ин ташаббус, пеш аз ҳама кам кардани гардиши пули нақд дар муомилот мебошад. Ин низом ба мардум сабукиҳо меорад. Аз ҷумла, дар назди банкоматҳо навбатпоӣ кам ва дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ вақт сарфа мешавад. Ғайр аз ин, тавассути пардохтҳои ғайринақдӣ суръати баланди хизматрасониҳо таъмин, дар марказҳои хизматрасонӣ вақти мизоҷ ҳангоми пардохти пули нақд камтар сарф мешавад. Аз ҳама муҳим шаффофият ва ғанӣ гаштани буҷети ҷумҳурӣ аст. Яъне, бо пардохтҳои ҳатмии андоз ва дигар хизматрасониҳо ба мардум имкон фароҳам меояд. 

— Мардум аз ин чӣ фоида мебинанд?

— Вақте ки пурра ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ мегузарем, тамоми амалиёт тавассути ҳамёнҳои мобилӣ, корт ё дигар воситаҳои пардохт сурат мегирад. Ҳангоми амалиётҳои пардохтиро анҷом додан, тамоми маълумот — аз таърихи пардохту хароҷот сабту нигоҳдорӣ мешавад. Дар вақти зарурат мо метавонем, ки истифода намоем. Ин ҳам як навъ шаффофият ва сабукӣ барои мардум аст. Дар низоми бонкӣ, яъне истифодаи ҳамёнҳои мобилӣ ва кортҳои бонкӣ имконияти бекор кардани таърихи пардохтҳо вуҷуд надорад. Дилхоҳ амалиёте, ки анҷом медиҳем, хоҳ 1 моҳ ва ё 1 сол пас, дар дилхоҳ вақт имкон дорем, ки огоҳ шавем ва расиди электрониро дастрас намоем. Мисол, агар ҳақи истифодаи хизматрасониҳои коммуналиро бо пули нақл анҷом диҳем ва расидро гирем, имкон дорад, ки гум шавад ё маъолумоти он тоза шавад. Аммо ҳангоми пардохти ғайринақдӣ чунин нест. Тамоми маълумот ҳифз мешавад. 

Ғайр аз ин, манфиати гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар он аст, ки дилхоҳ шахс буҷети худро тавассути ҳамёнҳои мобилӣ аз таърихи пардохтҳо идора кунад. Яъне, муштарӣ алакай даромаду хароҷоташро медонад. Вобаста ба ин метавонад, ки хароҷотро кам созаду мустақилии молиявиро ба даст орад. 

— Аз нигоҳи шумо, чӣ бояд кард, ки мардум аз ин огоҳии бештар пайдо кунанд ва сатҳи саводнокии худро боло баранд?

— Албатта, қаблан ҳам ба мардум аҳамияти гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ фаҳмонида мешуд. Аммо аз соли гузашта инҷониб ин кор ҷоннок карда шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон, сохторҳои минтақавии он ва тамоми ташкилотҳои молиявӣ дар самти баланд бардоштани саводнокии молиявии рақамӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Аз қабили гузаронидани семинару машваратҳо дар ҷойҳои сераҳолӣ, бозору марказҳои савдо, марказҳои тиббӣ. Ба мардум пайваста истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ фаҳмонида мешавад.

— Оё Бонки миллӣ мониторинг ё пурсиш гузаронидааст, ки то куҷо чунин машварату семинарҳо барои аҳолӣ самар овардаанд?

— Пас аз гузаронидани ҳар як семинар-машварат фикру ақидаи иштирокчиён пурсида мешавад. Ба ибораи дигар, онро “филбрейк” мегӯянд, ки он сабт карда мешавад. Дар бештари пурсишҳо ҷавоби мусбат мегирем. Иштирокчиён иброз медоранд, ки баъди чунин семинарҳо вобаста ба мавзӯи молиявӣ огоҳӣ пайдо намудаанд. 

— Яке аз омилҳои дигари гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар коҳиш додани навбатпоӣ дар назди банкоматҳо, нуқтаҳои хизматрасониҳои бонкӣ низ арзёбӣ мешавад. Аммо ҳоло ҳам мушоҳида менамоем, ки мардум дар назди банкоматҳо навбат меистанд. Чаро? 

— Албатта, дар баъзан маврид чунин ҳолатҳо ҷой доранд. Ин ҳам ҳангоми гирифтани музди меҳнат тавассути корт аз банкоматҳо мебошад. Мутаассифона, мардум одат кардаанд, ки музди меҳнат ё маблағи интиқолро якбора аз банкомат гиранд. Баъдан, бо пули нақд хариди молу маҳсулотро анҷом медиҳанд. Ҳол он ки имкон дорад тавассути ҳамёнҳои мобилӣ ё корт хариди маҳсулот ё хизматрасониҳоро анҷом диҳанд. 

— Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сармоягузорӣ ба ширкатҳои гуногун, ба мисли “Газпром инвест”, “Алиф профит”, “Тесла Х” ва даромадҳои “Ҳалол” роликҳои тарғиботӣ зиёд пахш мешаванд ва бештар дорандагони кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилиро ҷалб менамоянд. То кадом андоза чунин роликҳо асоси воқеӣ доранд? 

— Гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ барои давлат ва ҷомеа мусбат аст. Аммо, мутаассифона, шахсоне ҳастанд, ки аз ҳамин гузариш истифода карда, мехоҳанд маблағҳои бедардимён ба даст оранд. Аз ҷумла роликҳои тарғиботие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи чунин ташкилотҳои молиявӣ пайдо шуда, мардумро ба сармоягузорӣ ва ба даст овардани фоидаи зиёд даъват мекунанд. Инҳо ҳама қаллобони молиявӣ ҳастанд. Мардум бояд ба чунин роликҳо бовар накунанд. Ягон хел маблағгузорӣ аз номи “Газпром инвест”, “Алиф профит”, “Тесла Х” ва даромадҳои “Ҳалол” вуҷуд надорад. Инҳо қаллобони молиявӣ ҳастанд ва ба шаҳрвандони мо ваъдаҳои дурӯғи пули бештар кор карданро медиҳанд. Мутаассифона, нафарони зиёде бовар карда, ба онҳо пул гузарониданд. Ҳоло вобаста ба мубориза зидди қаллобони молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои молиявӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Шаҳрвандони кишвар набояд рамзи махфии кортро ба ягон кас диҳанд. Ба лоиҳаҳои гуногун низ маблағгузорӣ накунанд. 

— Чунин қаллобон дар Тоҷикистон фаъолият доранд ё берун аз он?

— Қаллобон берун аз Тоҷикистон фаъолият доранд. Онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва вотсап тамос мегиранд. Бо баҳонаи сармоягузорӣ ва ваъдаи ба даст овардани пули калон, мардумро ба ҷониби худ моил мекунанд. 

— Ҳолатҳое ҳастанд, ки аз Тоҷикистон ба доми чунин қаллобон афтоданд ва маблағи зиёд ба суратҳисоби онҳо гузарониданд?

— Мутаассифона, чунин ҳолатҳо ҷой доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба доми онҳо афтода, маблағи зиёд интиқол додаанд.

— Магар имкони бозпас гирифтани маблағ вуҷуд надошт?

— Азбаски маблағ аллакай берун аз суратҳисоби Тоҷикистон гузаштааст, имкони баргардонидани дубора вуҷуд надошт. Агар маблағ дар дохили ҷумҳурӣ мешуд, имкони баргардонидан буд. Бинобар ин, шаҳрвандонро мебояд, ки зирракиро аз даст надиҳанд ва саводи молиявии худро боло баранду ба гапи қаллобон гӯш надиҳанд. 

— Ҳангоми ба чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ шудан, шаҳрвандон бояд чӣ кор кунанд?

— Гуфтаанд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ аст. Мардум бояд ҳеҷ гоҳ ба гапи қаллобон гӯш надиҳанд ва ба ваъдаҳои бардурӯғ бовар накунанд. Шаҳрвандон вақте чунин роликҳоро мебинанд, аввал дар бораи онҳо маълумот гиранд. Аз суроғаи ҳуқуқӣ то макони ҷойгиршавии онҳо огоҳ шаванд. Ҳатто, ба Бонки миллии Тоҷикистон тавассути телефони боварии 44-600-15-20 ё ташкилотҳои молие, ки аз номи онҳо роликҳои тарғиботии бардурӯғ ташкил шудаанд, муроҷиат намоянд. 

— Ҳамасола дар Тоҷикистон моҳи апрел ҳафтаи саводнокии молиявӣ — Global money week (ҳафтаи байналмилалии пул) доир карда мешавад. Моҳияти он чист?

— Аслан, Global money week аз соли 2012 дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад. Дар муддати 12 сол дар зиёда аз 170 давлат бо фарогирии 60 миллион нафар ин чорабинӣ гузаронида шудааст. Дар Тоҷикистон низ ҳамасола дар ҳошияи Global money week чорабиниҳои гуногун вобаста ба баланд бардоштани маърифати молиявии мардум доир мегарданд. Дар моҳи саводнокӣ бештар ҷавонону наврасон ҷалб гардида, дар бораи пайдоиши пул, тарзи дурусти истифодаи пул маълумот пешниҳод мегардад. 

— Чаро маҳз наврасон ва ҷавонон ба чунин чорабиниҳо ҷалб мешаванд?

— Мақсади асосии Global money week фаро гирифтани ҷавонону наврасон аст. Зеро онҳо на ҳамаашон дар чунин синну сол қобилияти маблағ кор карданро доранд. Бисёри вақт маблағро аз волидайн мегиранд. Мо ба онҳо мефаҳмонем, ки маблағҳои аз волидайни худ гирифтаро чӣ тавр дуруст истифода намоянд. Яъне, аз хурдсолӣ захира кардани пулро ёд мегиранд, то тавонанд ба мақсадҳои молияӣ расанд. 

Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *