Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ашки шавҳар

Фурӯшанда дар мағозаи ҷавоҳирот аз харидор мепурсад:

— Хоҳарҷон, барои чӣ ин пулҳои овардаатон ҳамааш тар аст?

Харидор мегӯяд:

— Апаҷон, шавҳарам вақти пул додан чунон гиря кард, ки пулҳо тар шуданд.

Вафодор

Марде сагашро ба фурӯш мегузорад. Харидоре аз ӯ мепурсад:

— Сагатон солим аст?

— Солим!

— Боақл аст?

— Боақл,- мегӯяд соҳиби саг.

— Вафодор аст?,- боз мепурсад харидор.

— Чунон бовафо аст, ки бори панҷум аст ӯро мефурӯшам.

Раҳмати Худо

Ба марде занг зада, мегӯянд:

— Занатро сел бурд.

Мард мегӯяд:

— Ман аз аввал медонистам, ки борон раҳмати Худост!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *