Нақшаи даъвати наваскарон ба 75 фоиз расид

Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 75 фоиз таъмин шуда, беш аз 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи даъват баромаданд.

Ҳоло иҷрои нақша то охири моҳи октябр дар минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин аст:

Дар шаҳри Душанбе 72 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури 80 фоиз, вилояти Хатлон 79 ва Суғд 65 дар сад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон шурӯъ аз 1-уми октябр даъвати тирамоҳии ҷавонписарони синни хизмат ба артиши кишвар оғоз шуда, ин маърака то охири моҳи ноябр идома мекунад.

Гуфта мешавад, ки соли равон зиёд шудани сафи ҷавонписарони ихтиёрӣ ба хизмат нисбати солҳои қаблӣ зиёд шудааст, ки ин аз натиҷаи корбарии хуб дар ин самт дарак медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *