Дар Суғд ҳарорати ҳаво якбора то 8 дараҷа паст шуд

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво якбора сард шуда, боришот ба амал омад.
Ин ҳолат дар аксари шаҳру навоҳии вилоят ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилои сардори Агентии обуҳавошиносӣ ва маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд Абдувалӣ Ҳомидов, боришот то соати 23-и имшаб идома мекунад.
Ҳарорати ҳаво бошад, аз 21-23 дараҷа гармии рӯзи гузашта якбора то 7-8 дараҷа поён фаромад. Ҳоло ҳарорат дар шаҳру навоҳии Суғд 16-17 дараҷа буда, ҳаво то ҷое сард шудааст.
Тибқи иттилои Абдувалӣ Ҳомидов, миқдори боришот то 4 милиметрро ташил дода, ин вазъ давоми рӯз боқӣ мемонад.
Бино ба гуфтаи вай, ноустувории ҳарорати ҳаво танҳо имрӯз, санаи 31-уми октябр ба қайд гирифта шуда, пагоҳ боз мӯътадил хоҳад шуд. Яъне рӯзи оянда дар Суғд боз ҳавои офтобӣ дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *