Аз таҳти дил бихандед!
Нимкар
Беморе ба дармонгоҳ омада, ба духтури гӯш муроҷиат менамояд:
— Духтурҷон, ёрӣ диҳед, гӯшам нимкар шудааст.
— Укоҷон, одам нимкар намешавад, ё тамоман кар мешавад, ё умуман кар намешавад.
— Бовар накунед, санҷида бинед,- илтимос мекунад бемор.
Духтур ба гӯшаи кабинет рафта, бо садои паст мегӯяд:
— Ҳақи хизмат 100 сомонӣ.
Бемор мегӯяд:
— Дидед, ман ҳамагӣ 50 сомонӣ шунидам.
Барқ
Дар як деҳаи дурдаст нозири барқ барои санҷидани нишондоди нерӯи барқи истифодакардаи як хонавода дари хонаашонро тақ-тақ мезанад. Дарро кампираке мекушояду мепурсад:
— Хизмат, бачам?
— Бибиҷон, барои ҳисоб кардани пули барқ омадам,- мегӯяд нозир.
Пиразан мегӯяд:
— Дар хоки пот садқа, бачам, лекин аз ҳамин барқа худат бисёртар меоӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ