Умар Кремлёв 12 километр роҳи Шаҳринавро азнавсозӣ кард

Умар Кремлёв, соҳибкори тоҷик ва Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) 12 километр роҳи дохили Шаҳринавро азнавсозӣ кард.

Дар маросими ифтитоҳи роҳи мазкур Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Умар Кремлёв зодаву тарбиятёфтаи ноҳияи Шаҳринав мебошад. Ҳоло  бо дастгирии ӯ як муассисаи таълимии томактабӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки корҳои бунёдии он алакай оғоз гардидааст.

Возможно, это изображение 8 человек
Возможно, это изображение 7 человек
Возможно, это изображение 7 человек, костюм и текст
Возможно, это изображение 5 человек и текст
Возможно, это изображение 11 человек, улица, дорога и текст

Умар Кремлёв дар баробари таҷдиду азнасозии роҳҳои маҳаллии ноҳия тасмим дорад, ки дар оянда муассисаи таълимии томактабии №2-ро пурра азнавсозӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-ро пурра таҷдид, фабрикаи парандапарварии ноҳияро барқарор намояд.

Умар Кремлёв яке аз чеҳраҳои пурнуфуз дар доираҳои тиҷоративу корӣ ва ҳатто маъмурии сатҳи баланди Русия дониста мешавад. Ӯро яке аз тоҷирони пурнуфузи Русия низ медонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *