Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Дуроҳа

Нозири БДА бандагиро ба ҷо меорад. Дар гӯр барои ба дӯзах ё биҳишт равон карданаш фариштаҳои дасти чапу рост баҳс мекунанд.

— Ӯ одами бад буд, ҳама умр пора мегирифт, арақ мехӯрд… ба дӯзах!, -мегӯяд фариштаи дасти чап.

— Не, ӯ одами нағз буд. Одамонро аз хатар раҳо мекард, ба ҳама ёрӣ медод… ба биҳишт!,- мегӯяд фариштаи дасти рост.

Ин дам худи нозир мегӯяд:

— Бачаҳо, шумо баҳс накунед… маро дар дуроҳа гузоред!

Бедор

Марде дар хобаш пайваста гап мезад. Ниҳоят тоқати занаш тоқ шуду пурсид:

— Мардак, барои чӣ ҳамеша дар хобатон гап мезанед?

Мард гуфт:

— Бигзор дузд гумон кунад, ки мо бедорем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *