Намоҳанги тарбиявии Ҷаҳонгир Зарипов

Ҷаҳонгир Зарипов, ҳунарманди маҳбуби кишвар таронаи навбатиашро бо номи “Ёдат ҳаст” дар ютубканали шахсиаш нашр кард.

Намоҳанги суруди мазкур ба ҷавонон ҳушдор медиҳад, ки ба қадри ҳамдигар бирасанд ва барои ҳам вақт ҷудо кунанд. Дар он дида мешавад, ки зани хона аз кам вақт ҷудо кардани шавҳараш шикоят мекунад ва дар ин ҳол мард ваъда медиҳад, ки пас аз кор якҷо вақт мегузаронанд, вале чун дар иҳотаи дӯстонаш аст, намегузоранд, ки ба хонааш биравад. Ҳамин ваъдахилофӣ сабаб мешавад, ки зан бо фарзандонаш аз хона баромада равад.

Ҳамчунин, дар намоҳанг танҳоӣ ва азоби беҳамсарӣ барои як мард баръало нишон дода шудааст. Таҳиягарон гуфтан мехоҳанд, ки мард муваффақиятҳояшро бояд бо ҳамсараш тақсим кунад, вале вақте ки мард ҷоиза мегирад, дар хонаи холиаш онро ҷашн гирифта наметавонад, ҳатто ғамгин аст.

Дар охир нишон дода мешавад, ки ӯ аз ҳамсараш узр хоста, зиндагиашонро давом медиҳанд.

Дар суруд чунин мисраъҳо ҳастанд:

— Ёдат ҳаст, ваъда додӣ, ки бо ҳам мемонем?

Қиссаи зиндагиро бо ҳамдигар мехонем.

Баъди ту, меҳри ту нарафт зи қалби зорам,

Ман ҳанӯз азизам ба умеди дидорам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *