Аз таҳти дил бихандед!
Имтиёз
Сайёҳе бо мақсади дар меҳмонхона истодан, аз хӯҷаини он мепурсад:
— Нархи як ҳуҷраи якнафара чанд аст?
— Чил доллар.
— Адибон имтиёз доранд?
— Бале, иҷорапулиро аз онҳо пешакӣ мегирем,- посух медиҳад хӯҷаин.
Бемор
— Чаро дирӯз дар дарс набудӣ?,- мепурсад устод аз талабае.
— Бемор будам,- ҷавоб медиҳад талаба.
— О, ман туро савори дучарха дидам ку!,- хитоб мекунад устод.
— Барои овардани духтур рафта будам,- посух медиҳад талаба.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ