Қиссаи аҷиби ЗАГС-и сарояндаи тоҷик

Овозхон ва блогери тоҷик Даниел Рустамов, ки бо духтари амрикоӣ Промис оила барпо кардааст, дар саҳифаи Тик-Токаш доир ба дарҳамбарҳамии ЗАГС карданаш муфассал нақл намуд.

Ӯ мегӯяд, ки ақди никоҳи расмӣ бастан дар кишвари худамон каме душвор будааст ва наздикон тавсия додаанд, ки дар Грузия ин корро зудтар ҳал кардан мумкин аст. Нақл мекунад, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба Грузия сафар карданд, вале кадом мушкиле пайдо шудаасту дохили он кишвар даромадан барои Даниел мумкин набудааст. Пасон, аз тарафи модарарӯсаш пешниҳод шудааст, ки ЗАГС-ро тариқи “онлайн” гузаронанд.

Ҳамин тавр, онҳо никоҳи расмиро бо ҳузури дӯстони худ тариқи “онлайн” баста, шаҳодатномаашонро ба даст овардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *