Дана Уайт ба ваъдааш вафо кард

Мусобиқаи UFC 294 гузашт. Дар муҳорибаи асосии он Ислом Махачев бори дуюм камарбанди чемпионии худро дар вазни сабук ҳимоя кард. Дар аввал қарор буд, ки зидди Чарлз Оливейра муҳориба мегузаронад, аммо 12 рӯз пеш аз муҳориба рақибаш ҷароҳат бардошт ва аз ҷониби ташкилот пешниҳод шуд, ки ба ҷойи Оливейра бо Волконовский камарбандашро ҳимоя кунад.

Ӯ дар ҷавоби ин пешниҳод чунин гуфта буд:

— Камарбанди чемпионӣ маъноеро дорад, ки бояд соҳиби он дар дилхоҳ вақт барои ҷангидан бо дилхоҳ рақиб дар вазни худаш омода бошад. Ман розиам, ки бо Алекс Волконовски муҳориба гузаронам.

Посухи варзишгари доғистонӣ ба Дана Уайт хеле писанд омад ва дар нишасти матбуотӣ ба журналистон ваъда карда буд, ки онро дар институти ташкилот овезон мекунад. Инак, ӯ ба ваъдааш вафо кард ва пас аз як ҳафта хабар дод, ки аллакай суханони Ислом Махачев овезон шудаанд, то ки варзишгарони ҷавон ибрат гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *