Кирмак ба моҳӣ писанд ояд ё ба моҳигир?

Чандест ширкат варзидани ҳаваскори тоҷик Қадами Қурбон дар шоу-барномаи «Песни от всей души»-и Андрей Малахов дар сомонаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Дуруст аст, ки сурудҳое, ки Қадами Қурбон иҷро мекунад, аслан қобили қабули инсонҳои боҳушу фарҳангӣ нестанд. Ва муаррифӣ кардани ӯ ҳамчун ситораи эстрадаи тоҷик аз минбарҳои сербинандатарин шабакаҳои русӣ нанговар аст.

Шахсан худи ман мухлиси Қадами Қурбон нестам ва ягон суруди ӯро гуш накардаам (ба истиснои оне, ки гоҳу ногоҳ хоҳу нохоҳ аз ҳарҷо ба гӯш мерасад) ва гӯш ҳам намекунам. Ман аз ӯ пуштибонӣ намекунам…

АММО:

Айб танҳо дар овозхонҳо нест.

Мутаассифона, бояд иқрор шавем, ки табъу завқи мардум низ коста шудааст.

Агар ҳозир ман ҳамин ғазали Ҳофизро оҳанг баста хонам:

Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем, 

Ҷомаи кас сияҳу далқи худ азрақ накунем. 

Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст, 

Кори бад, маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем. 

Рақами мағлата бар дафтари дониш назанем, 

Сирри ҳақ бар варақи шӯъбада мулҳақ накунем…

0,1%-и мардум гӯш карда, қабул мекунанд, боқимонда неЪ! Агар гӯш ҳам кунанд, чизе намефаҳманд. Чун инҷо вожаҳоест, ки ҳатто худи ман бо вуҷуди он, ки худамро босавод мепиндорам, намефаҳмам:

(далқ, азрақ, мағлата, шӯъбада, мулҳақ…).

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Аз гаҳвора бояд шуруъ кунем!

Гумон мекунед, ки сухани Пайғамбари муаззам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) – “Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯед!” ҳамту сухани ҳавоӣ аст?!

Ҳадди ақал аз мактаб бояд шуруъ кунем.

Барои мисол, дилхоҳ кӯдаки эронӣ маънои калимаи “мухталиф”-ро медонад. Лекин пагоҳ як пурсиши оммавӣ ташкил кунед, хоҳед фаҳмид, ки баъзе “бузургон” низ аз мафҳуми ин калима ноогоҳанд…

Чун маълумоти иқтисодӣ низ дорам, дар иқтисодиёт як ҷумлаи маъруф аст:

Кирмак бояд ба моҳӣ писанд ояд, на ба моҳигир!

Овозхонҳои имрӯз низ ба талаботи аксари шунавандагон нигоҳ карда, суруд омода месозанд.

Мисол: Муҳаммадрафӣ Кароматулло оҳанги зебое ба ин ғазал баста, сурудааст:

Ошиқ шудаму маҳрами ин кор надорам,

Фарёд, ки ғам дораму ғамхор надорам…

Вале кам касоне ин сурудро шунидаанду азёд медонанд. Ҳатто мухлисони ашаддӣ низ на ҳамаашон медонанд. Вале сурудҳои “Нисоҷон, гулаки ман”, “Ёри беаҳду вафо”, “Зери борони баҳорӣ”-ро ҳамагон хуб медонанд…

Кам касон суруди зебои Садриддин Наҷмиддиновро бар ғазали волои Ҷомӣ:

Ҷоно, чӣ шуд, ки пурсиши ёрон намекунӣ?

Дармони дарди синафигорон намекунӣ?

шунидаанду медонанд, аммо сурудҳои “Чил-чил садои борон”, “Нозанин”, “Гули ноз” ҳаводорони зиёд доранд.

Сурудҳои наътсарои маъруфи ҳисорӣ шодравон Маҳмадсаид Аҳмадовро кам касон шунидаанд, вале суруди фачи “Малика, кштӣ бобота”-ро 90% шунидаанду ҳатто номи сарояндаашро ҳоҷат ба зикр нест, зеро аллакай ҳама медонанд…

Дар ягон адабиёти ҷаҳон мисли адабиёти мо инқадар панду андарз нест, вале мардуми мо аз насиҳат чизе намегиранд…

Хуллас, гуфтаниҳо зиёданд, аммо:

Бар кӣ бибарам арз, ки гӯши шунаво нест???

Ромизи ПАРВИЗ,

сароянда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *