Аз таҳти дил бихандед!
Ширин
Марде зариф зани ҷамилаеро диду гуфт:
— Чӣ шавад, эй хотун, агар рухсат фармоӣ, ки туро бичашам ва чошнӣ гирам, то бубинам, ки ту ширинтарӣ ё зани ман?
Зан гуфт:
— Бирав, аз шавҳарам бозпурс, ки ҳардуро чашидааст, то ӯ хотирнишони ту кунад.
Харгӯшак
Писарбачае аз модараш мепурсад:
— Оча, харгӯш гап мезанад?
— Не, бачаҷон. Харгӯш фақат дар филми тасвирӣ гап мезанад.
Писарча мегӯяд:
— Не, очаҷон. Падарам дишаб бо телефон «Харгӯшаки ман, назди хона биё, бинамат» гуфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ