Блогерони маъруф соҳиби писар шуданд

Дар саҳифаи “Nikruz.Yasmi” дар Тик-Ток наворе нашр гардид, ки аз писардор шудани ду блогери шинохтаи тоҷик мегӯяд.

Наворе, ки онҳо аз таваллудхона нашр карданд, чанд сония бо писарашон нишон дода мешавад ва он чунин зернавишт дорад:

“Лаҳзае, ки мефаҳмӣ барои чӣ дардҳоро бардошт кардӣ. Хуш омадӣ, писарам!”

Фарзанди якуми блогерон Никрӯз ва Ясмина духтар буда, чанде қабл дар фазои тантанавӣ хабар дода буданд, ки фарзанди ояндаашон пирсар мешавад.

Никрӯз ва Ясмина дар Тик-Ток ва Инстаграм фаъол буда, бо наворҳои кутоҳи оилавиашон маъруф гаштаанд. Мавзӯи маҳсули эҷоди онҳо иҷтимоӣ буда, зиёдтар муносибатҳои оилавиро инъикос мекунад.

Ҳамчунин, Никрӯз овозхон аст ва чандин таронаҳои худро нашр кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *