Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Меҳри шоир

Аз пурхӯре пурсиданд:

Ба кадом шоир меҳр дорӣ?

Гуфт:

Ба Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ.

Ба хотири чӣ?

Гуфт:

Ба хотири як байти ӯ. Ва он байтро бо шавқи тамом замзама кард:

Куҳ бувад наволаам, баҳр бувад пиёлаам,

Ҳар ду ҷаҳон чу луқмаест дар васати даҳони ман.

Мошинча

Зан дуҷон буд. Шавҳраш ҳазломез гуфт:

— Хайр, завҷаи муҳтарам, ин дафъа духтарча таваллуд мекардагистед?

Писарчаи сесолаашон, ки гуфтугӯи онҳоро гӯш мекард, ба модараш илтиҷо карда, гуфт:

Модарҷон, ин дафъа мошинча таваллуд кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *