Нимпайкараи Бозор Собир куҷо шуд?

Имрӯз, 20 ноябр шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир мавлуд дорад. Агар умр вафо мекард, ӯ 85-сола мешуд.
Номбурда дар адабиёт ва худшиносии мардуми тоҷик дар охири асри ХХ ва аввали асри нав нақши бориз дорад, аммо номи ӯ замоне вирди забонҳо шуд, ки солҳои 90-ум ба майдонҳо баромад ва чун чеҳраи сиёсӣ ном баровард.
Бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳияи Файзобод соли 2022 хабари сохтани нимпайкараи Бозор Собирро дар Боғи фарҳангии ноҳия дода буд. Вале то ҳанӯз аз иҷрои ин иқдом хабаре нест. Шогунаи Собир, духтари шоир аз нагузоштани нимпайкараи падараш мегӯяд:
“Боз ҳам ҳарфҳои хушку холӣ аз намояндагони давлат.
Аз эъломи номгузории боғи Файзобод ба номи Бозор Собир ва гузоштани нимпайкараи ӯ дар ин боғ, анқариб ду сол мегузарад».
Қаблан дар асоси қарори вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва қарори раиси ин ноҳия Боғи фарҳангии маркази ноҳияи мазкур ба номи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуда буд.
Устод Бозор Собир аз ҷумлаи бузургтарин намояндагони адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад, ки бо сабку услуби ба худ хос ба адабиёт ворид шуда, тавонист ҷойгоҳи хосаеро дар он соҳиб шавад. Ӯ сухани баланд дошта, ҳамеша аз Ватану миллат, худшиносӣ, пос доштани забони модарӣ, арзишҳои миллӣ ва шинохти миллат ҳарф мезад.

Номгузории боғи фарҳанг ва гузоштани нимпайкара нишонаи эҳтиром ба шахсияти ин шоири муосири миллати тоҷик мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *