Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Қалами сурх

Модар вақти гусели фарзандаш ба хизмат таъкид мекунад:

— Писарам, рафтӣ, тез-тез хат навис, овозаҳо бисёр, ҳақиқаташро навис, агар ҳолат хуб набошад, мо зуд хабаргирӣ меоем.

— Эҳтиёт кунед, номаҳоро месанҷанд,- ба гап ҳамроҳ мешавад тағои аскарбача.

— Ин тавр бошад, писарам, агар шароит хуб бошад, бо ручкаи кабуд навис, мабодо бад шуд, қалами сурхро истифода бар, ман худам мефаҳмам.

Баъди якуним моҳ ба номи модар ба ин мазмун нома мерасад:

— Модарҷон ҳамааш хуб, нохубаш ҳамин, ки ба мо қалами сурх намедиҳанд.

Хайма

Шерлок Холмс ва духтур Ватсон пиёда сайр мекарданд. Вақте онҳо ба ҷангале расиданд, шаб фаро расид. Дар он ҷой хайма зада, дар дохилаш хоб карданд. Нисфи шаб Холмс бедор шуда, аз шарики духтураш пурсид:

— Ватсон, ба фикри шумо ин ситораҳои осмон аз чӣ дарак медиҳанд?

— Инҳо аз он дарак медиҳанд, ки пагоҳ ҳавои форам моро мунтазир аст. Ба шумо чӣ?

— Ба назари ман аз дуздидани чодири хаймаамон хабар медиҳанд,-мегӯяд Шерлок.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *