Мубориз ва Мадина дар “тренд”-и Ютуб

Мубориз Усмонов ва Мадина Акназарова, ду овозхони маъруфи тоҷик таронаи навбатии дуовозии худро бо номи “Кам-кам дил меканам” нашр намуданд.

Суруд аз ишқи ноҳамвори ду ҷавон қисса мекунад. Дар намоҳанг дида мешавад, ки онҳо аз ҳамдигар хеле дуранд ва дар фироқи якдигар  афсӯс мехӯранд. Ҳамдигарро ёд мекунанд ва барои ҳам месароянд. Вале дар охир ҷавон назди духтар омада, аввал узр пурсида, баъд “ман туро дӯст медорам” мегӯяд.

Суруди мазкур дар худ чунин мисраъҳо дорад:

— Кам-кам дил меканам, гарчӣ мушкил меканам,

Кам-кам ёд мекунӣ, маро фарёд мекунӣ.

Вале зи ту дурам ман, диди ранҷурам ман,

Магӯ маро ту ҳаргиз азизам.

“Кам-кам дил меканам” ба талаботи суруди дуовозӣ ҷавобгӯ аст. Яъне, ҳарду овозхон мазмунро офаридаанд ва ҳамдигарро пур мекунанд.  Дар суруд мазмун, самт ва маънои комил маҳфуз аст.

Таронаи мазкурро дар 11 соати аввали нашраш наздики 200 ҳазор маротиба диданд, ки чунин таваҷҷуҳи зиёд онро ба рӯйхати “тренд”-и Ютуб бурд. Аниқтараш “Кам-кам дил меканам” дар 11 соати нашраш дар “тренд”-и Ютуб миёни рубрикаи мусиқӣ мақоми 24-умро касб кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *