Аз таҳти дил бихандед!
Ҷентелмен
Ду ҷентелмен бо ҳам вомехӯранд. Якеаш мепурсад:
— Ҷаноб, шумо рӯзи ҷумъа ба театр рафта будед?
Мард дафтарчаашро аз киса бароварда, ба он нигариста, мегӯяд:
— Бале, будам…
Марди аввала боз мепурсад:
— Ҷаноб, шумо бо завҷаи ман будед?
Мард боз ба дафтарчааш нигариста:
— Бале, бо вай будам.
Мард мегӯяд:
— Ҷаноб, ин ба ман маъқул нест!
Мард ба дафтарчааш нигариста:
— Ба ман ҳам маъқул нашуд…
Оча!
Кӯдак аз дари даромадгоҳ модарашро садо мекунад:
— Оча! Очаааа! Оч!
Модар мегӯяд:
— Чаро аз назди дар истода дод мезанӣ? Наздам биёву оромона гап зан.
Кӯдак бо пойафзолаш ба даруни меҳмонхона даромада, мегӯяд:
— Оча, ман бо пойафзолам ахлотро зер кардам, онро дар куҷо шӯям?
Умедворӣ
Омӯзгор ба донишҷӯён мегӯяд:
— Умедворам, ки дар имтиҳони имрӯза рӯбардор кардани шуморо намебинам.
Донишҷӯён дар ҷавоб:
— Мо ҳам умедворем, устод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ